14-уми августи соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ибтидоӣ оид ба таҳияи Нақшаи ҳавзавии идоракунии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Вахш барои давраи то соли 2040 баргузор гардид.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода зимни баромад нақши стратегии таҳияи Нақшаи мазкурро таъкид намуда, иброз дошт, ки захираҳои обии ҳавзаи дарёи Вахш барои рушди гидроэнергетика, кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва нигоҳдории устувории экологӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Таъкид гардид, ки идоракунии захираҳои оби ҳавзаи Вахш бояд ба таври маҷмуӣ ва бо дарназардошти робитаи байни масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, зарур дониста шуд, ки ҳангоми таҳияи Нақша на танҳо вазъи имрӯза, балки тағйироти дарозмуддат низ ба инобат гирифта шаванд.
Иштирокдорон, зимни баррасии масъала иброз доштанд, ки афзалият бояд ба қарорҳое дода шавад, ки ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об, баланд бардоштани самаранокии гидроэнергетика ва обёрӣ, таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи экосистемаҳои обӣ мусоидат менамоянд.


















