ШАРҲИ ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТА БА ҲОЛАТИ БААМАЛОМАДА ДАР НИЗОМИ ЭНЕРГЕТИКӢ

‎Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти сокинони кишвар мерасонад, ки айни замон корҳои барқарорсозии ҳолати баамаломада дар низоми энергетикӣ бо суръати баланд идома дошта, ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти муътадили низоми энергетикӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаааст.

Интизор меравад, ки дар кутоҳтарин муҳлат низоми энергетикӣ ба ҳолати муътадили фаъолият баргардонида шавад.

‎Бо мақсади муайян намудани сабабҳои рух додани садама гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳи корӣ ҳолати баамаломадаро ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода, пас аз анҷоми корҳои дахлдор сабабҳои дақиқи рух додани садама муайян карда мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар асоси хулосаҳои дахлдор пешниҳод хоҳанд гардид.

‎Ҳамзамон, иттилооти паҳншуда дар бораи гӯё дар НБО «Норак» рух додани садама асос надорад.

‎Аз шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори омма даъват карда мешавад, ки танҳо ба маълумоти расмии мақомоти соҳавӣ такя намуда, аз паҳн намудани овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда худдорӣ намоянд.