ТАЪМИНОТИ НЕРУИ БАРҚ ПУРРА БАРҚАРОР ГАРДИД ‎

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳои мавҷуда, ҳолати баамаломада дар низоми энергетикии кишвар пурра бартараф гардид. ‎ ‎

Айни замон низоми энергетикӣ дар ҳолати муътадил фаъолият дошта, таъминоти неруи барқ пурра барқарор карда шуд. ‎ ‎

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарки вазъи баамаломада ба шаҳрвандони кишвар изҳори сипос менамояд.