ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ҲАМКОРИҲОРО ДАР СОҲАИ НАФТУ ГАЗ ГУСТАРИШ МЕДИҲАНД

🇹🇯🇮🇷15-уми августи соли 2026, Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, раиси қисмати тоҷикистонии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва ҳайати кишвар дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод, мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи нафту газ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла, доир ба имкониятҳои таҳвили маҳсулоти нафтии Эрон ба Тоҷикистон, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ ва нафти хом, мубодилаи афкор намуда, масъалаи пешниҳоди нархҳои имтиёзнок барои таъмини бозори Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондан ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои ширкатҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои эронӣ дар соҳаи нафту газ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.