ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ТАҲҚИҚИ САБАБҲОИ САДАМА ДАР НИЗОМИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Бо мақсади таҳқиқи ҳолат, муайян намудани сабабҳо ва омилҳои ба вуқӯъ пайвастани садамаи санаи 14-уми августи соли 2026 дар низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ва низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа масъалаи рафти ба амал омадани садама, таъсири он ба низоми энергетикии кишвар, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати барқарорсозии таъминоти неруи барқ ва роҳҳои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки 14-уми августи соли 2026, соати 14:38, дар натиҷаи ба вуҷуд омадани номувозинатӣ байни ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, фаъолияти муътадили низоми энергетикӣ халалдор гардид.

Тибқи иттилои мавҷуда, сабаби асосии ба вуҷуд омадани номувозинатӣ ин қатъ гардидани фаъолияти ду гидроагрегати НБО «Токтогул»-и Ҷумҳурии Қирғизистон бо иқтидори умумии 600 МВт мебошад. Дар натиҷа, сарбории генераторҳои аз кор бозмонда ба хати интиқоли барқи 500 кВ-и самти шимол–ҷануби Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт. Афзоиши сарбории аз меъёри муқарраргардида зиёд боиси ба таври автоматики хомӯш гардидани хатҳои интиқоли барқи 500 кВ ва дар пайи он халалдор шудани реҷаи муътадили кори Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гардид.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада, соати 14:43 низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо шуд. Дар натиҷа, дар низоми энергетикии кишвар тағйироти босуръати басомад ба амал омада, фаъолияти муътадили як қатор гидроагрегатҳо дар неругоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ қатъ гардид.

Ин ҳолат, дар маҷмуъ ба аз кор мондани низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонид.

Пас аз ба амал омадани ин ҳолат мутахассисони соҳаи энергетикаи кишвар барои ҳарчи зудтар барқарор намудани фаъолияти низоми энергетикӣ чораҳои фаврӣ андешида, соати 16:40 як қисми низоми энергетикии кишвар барқарор гардида, то соати 19:30 фаъолияти пурраи муътадили низоми энергетикии ҷумҳурӣ таъмин шуд. Ҳамзамон, низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст гардид.

Вазъи баамаломада ба таҷҳизоти барқии низоми энергетикии кишвар ягон зарар нарасонида, онҳо дар ҳолати коршоямӣ боқӣ монданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои таҳлили ҳамаҷонибаи сабабҳои садама, арзёбии устувории кори низоми энергетикӣ ва таҳияи чораҳои иловагӣ барои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳавӣ бо Маркази ҳамоҳангсозию диспетчерии «Энергия» тақвият дода шуда, мубодилаи саривақтии иттилоот, назорати реҷаи кори низом ва ҳамкории фаврии мутахассисони соҳа дар ҳолатҳои фавқулода таъмин карда шавад.

Маврид ба зикр, ки дар натиҷаи садама қатъшавии неруи барқ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рух доданд.