МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

🇹🇯🇮🇷15-уми августи соли 2026, Теҳрон. – Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири неруи ин кишвар Аббос Алиободӣ вохӯрӣ кард.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамраисони Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон вобаста ба иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи ахири Комиссия, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, ҳамтоён масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд.

Дар фарҷом Далер Ҷумъа вазири неруи Эрон Аббос Алиободиро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.