🇹🇯🇮🇷 15-уми августи соли 2026, шаҳри Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва ҳайати баландпояи кишвар дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардида, ҷонибҳо аз раванди вусъат ёфтани робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Иброз гашт, ки рушду таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкориҳои соҳавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо аз авлавиятҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ба шумор мераванд.
Гуфтугӯи судманд доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

















