ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН НАВБАТИ СЕЮМИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ 220 кВ-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон навбати сеюми зеристгоҳи барқии 220/35/10-6 кВ, воқеъ дар маҳаллаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Ёвонро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар доираи навбати сеюми зеристгоҳ се адад трансформатор бо тавононии умумии 141 МВА насб гардида, иқтидори интиқол ва таъмини боэътимоди неруи барқ дар минтақа ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур дар идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори энергетикӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба неруи барқ ба ҳисоб меравад.