28-уми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.
Дар ин маросими бошукӯҳи тантанавӣ саҳми арзандаи кормандони соҳаи энергетика низ бо қадрдонии шоиста таҷассум ёфт.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори филиали «Силсилаи неругоҳҳои Варзоб»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Абдулҳақзода Ҳабибулло Абдулло бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми август директори филиали «Неругоҳи Норак»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» Фазлиддин Шоиддинов бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда буд.
















