ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИР ДАР ҶАМЪОМАД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

1-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода дар Филиали «Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ»-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш иштирок ва суханронӣ намуд.

Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимӣ ва корҳои эҷодии донишҷӯёни Донишкада боздид намуданд.

Сипас, муовини вазир сухан ронда, роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар идома ба як қатор устодони Донишкада Ифтихорнома ва нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ба донишҷӯёни соли аввал билетҳои донишҷӯӣ супорида шуданд. Ин лаҳзаи хотирмон барои донишҷӯёни навқабул оғози марҳилаи нави ҳаёти онҳо ва роҳи донишандӯзӣ, касбомӯзӣ ва рушди минбаъдаи шахсӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, муовини вазир бо шароити таълим ва озмоишгоҳҳои Донишкада шинос шуд.

Иброз гардид, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, зиёд намудани ҳаҷми дарсҳои тахассусӣ, тақвияти машғулиятҳои амалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар озмоишгоҳҳои таълимӣ зарур мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Филиали «Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ»-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе айни ҳол наздики 400 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар соли нави таҳсил ба сафи донишҷӯёни Донишкада 102 нафар ҷавонон қабул гардидаанд.