БОХТАР: АЗ БАИСТИФОДАДИҲИИ ЗЕРИСТГОҲИ «НАВОБОД» ТО БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲИ НАВИ БАЛАНДШИДДАТ

4-уми сентябри соли 2026, шаҳри Бохтар. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни сафари корӣ ба шаҳри Бохтар аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Навобод» боздид намуда, бо вазъи фаъолияти иншоот, корҳои анҷомдодашуда ва тадбирҳои минбаъдаи рушди инфрасохтори энергетикии шаҳр шинос гардид.

Зимни шиносоӣ масъулон ба вазир иттилоъ доданд, ки навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» бо насби трансформатори қуввагии 110/35/10 кВ бо иқтидори 10 000 кВА ба истифода дода шудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми зеристгоҳ барои баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии барқрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини рушди шабакаҳои барқии шаҳри Бохтар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Вазир ба масъулини соҳа ҷиҳати нигоҳдории дурусти таҷҳизоти барқӣ, таъмини фаъолияти боэътимоду бехатари зеристгоҳ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои гузарондани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, вазир дар идомаи сафар аз мавзеи зеристгоҳи нави бунёдшавандаи 110/35/10 кВ дар шаҳри Бохтар дидан кард.

Зеристгоҳҳои нав ва тавсеаи иқтидорҳои мавҷудаи интиқолу тақсимоти неруи барқ дар таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди шаҳри Бохтар, беҳтар намудани сифати барқрасонӣ ва таҳкими устувории шабакаи энергетикӣ нақши муҳим хоҳанд дошт.