4-уми сентябри соли 2026, Бохтар. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо кормандони филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот фаъолияти филиал, аз ҷумла вазъи таъминоти барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён, истифодаи самараноки неруи барқ ва масъалаҳои вобаста ба коҳиш додани талафоти неруи барқ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
Вазир таъкид намуд, ки коҳиш додани талафоти неруи барқ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шабакаҳои барқӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда бояд корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ мунтазам ва самаранок ба роҳ монда шаванд.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, кам намудани талафоти неру, таҳкими назорат ва баланд бардоштани масъулияти кормандон тадбирҳои иловагӣ андешида, фаъолияти худро дар ин самт тақвият бахшанд.
Ҳамзамон, масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён, муносибати масъулона бо истифодабарандагон, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар таъминоти барқ ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи мулоқот масъалаи сатҳи омодагии шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

















