КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО БО ТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

6-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорат, намояндагони корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, нафту газ ва захираҳои об, инчунин собиқадорони соҳа ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки Истиқлол барои миллати тоҷик арзиши муқаддасу бузург ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Вазир, аз ҷумла, таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихии кишвар ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сарнавишти давлату миллатро мустақилона муайян намуда, барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва рушди устувори он заминаи мусоид фароҳам оварад.

Зикр гашт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи энергетика ва захираҳои об низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сохтмону навсозии иншооти энергетикӣ иқтидори истеҳсолӣ афзоиш ёфта, барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Дар ин давра як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд ва мавҷудаҳо таҷдиду навсозӣ гардида, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо сохта шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш собиқ вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ёров суханронӣ намуда, аз номи собиқадорони соҳа ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт.

Сипас, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади қадрдонӣ аз саҳми кормандони соҳа дар рушди энергетика ва захираҳои об ба 66 нафар Ифтихорнома ва ба 47 нафар медалҳои «Аълочии соҳаи энергетика» ва «Аълочии соҳаи захираҳои об»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардида, барномаи идона ба ҳамоиш ҳусни бештар бахшиданд.