ТАҚДИМИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДИ ВАЗОРАТ

8-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии тақдими мукофоти давлатӣ баргузор гардид.

Дар маросим муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, роҳбарият ва кормандони Вазорат иштирок намуданд.

Чорабиниро вазир ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.

Сипас, муовини Сарвазири кишвар зимни суханронӣ аҳли нишастро ба ифтихори ин санаи таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Лоиқ Назаршозода – сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавии Вазорат, бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида мешавад.

Мукофоти давлатиро Усмоналӣ Усмонзода дар фазои тантанавӣ ба Лоиқ Назаршозода тақдим намуд.

Таъкид шуд, ки сарфароз гардидан бо мукофоти давлатӣ нишони баланди қадршиносии давлат ба меҳнати содиқона, фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаи шаҳрвандон дар рушди кишвар мебошад.

Роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об Назаршозода Лоиқро ба муносибати гирифтани мукофоти давлатӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ саломатӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.