7-уми сентябри соли 2026, Бохтар. – Дар ҳошияи чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон (WSIP-1), ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, барои озмоишгоҳи минтақавии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, инчунин озмоишгоҳҳои ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ таҷҳизоти муосири лабораторӣ тақдим карда шуданд.
Дар чорабинӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, МХСЭ вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорат иштирок намуданд.
Яке аз қисмҳои муҳими ин маҷмуи таҷҳизот озмоишгоҳи сайёри назорати сифати оби нӯшокӣ мебошад. Автомобили махсус бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, ба мутахассисон имкон медиҳад, ки дар объектҳои таъминоти об мустақиман намунаҳои обро гирифта, таҳқиқот ва санҷишҳои заруриро анҷом диҳанд. Озмоишгоҳи сайёр барои гузаронидани таҳқиқоти фаврӣ, аз ҷумла дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст, имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Супоридани таҷҳизоти нав барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳо, баланд бардоштани сифат ва фаврияти таҳқиқоти лабораторӣ ва такмили низоми мониторинги сифати оби нӯшокӣ дар вилояти Хатлон саҳми муҳим хоҳад гузошт.
Татбиқи ин чорабинӣ натиҷаи навбатии амалии WSIP-1 буда, идомаи тадбирҳои пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии бехатар ва босифат мебошад.























