Ҳамватанони азиз,
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика ва захираҳои об!
Дар ин рӯзи фараҳбахш, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил менамоянд, ҳамаи шуморо ба муносибати ин ҷашни муқаддасу таърихӣ самимона табрик мегӯям.
Истиқлол барои миллати тоҷик арзиши бузургтарин ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки самтҳои стратегии рушди кишварро мустақилона муайян намуда, захираҳои табиии миллӣ ва имкониятҳои мавҷударо самаранок ба манфиати мардуми кишвар истифода барад ва заминаҳои иқтисодии давлатро пайваста таҳким бахшад.
Дар ин раванд таҳкими истиқлоли энергетикии кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат мавқеи хос пайдо намуд.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетикаи Тоҷикистон роҳи пурифтихору созандаро тай намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра зиёда аз 2300 МВт иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва ду агрегати НБО «Роғун» ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, корҳои таҷдиду навсозии НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд» идома дошта, барои баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории низоми энергетикӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.
Барои рушди инфрасохтори соҳа зеристгоҳҳои барқии 500, 220, 110 киловота, беш аз 1100 километр хатҳои интиқоли барқи 500 ва 220 киловота, инчунин, ҳазорҳо километр хатҳои 110, 35, 10 киловота бунёд гардиданд.
Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб–Шимол» дар самти муттаҳидсозии низоми энергетикии кишвар қадами муҳиме гардид. Иншооти мазкур имконият фароҳам овард, ки низомҳои энергетикии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ҳам пайваст гардида, заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои энергетикии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ фароҳам оварда шавад.
Дар ин раванд тағйироти дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баамаломада низ қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Рушди энергетикаи обӣ, офтобӣ ва бодӣ имкониятҳои таъмини аҳолиро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза васеъ намуда, барои рушди устувори минтақа заминаҳои нав фароҳам овардааст.
Ҷорӣ намудани низомҳои интеллектуалии баҳисобгирӣ, рушди низоми ягонаи биллингӣ, коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ, рақамикунонии равандҳои идоракунӣ ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ аз самтҳои муҳими марҳилаи муосири рушди соҳа ба ҳисоб мераванд.
Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаву фидокоронаи наслҳои зиёди энергетикҳо, гидротехникҳо, сохтмончиён, муҳандисон, диспетчерҳо, кормандони шабакаҳои барқ, олимон ва лоиҳакашон мебошанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург дар соҳаи обу иқлим мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он барои аҳли башар муҳим ба шумор меравад.
Имрӯз дар назди мо вазифаҳои нави бузургмиқёс қарор доранд. Идомаи сохтмони НБО «Роғун» бо иқтидори лоиҳавии 3780 МВт, навсозии иқтидорҳои амалкунанда, минбаъд коҳиш додани талафоти неруи барқ, пурра ҷорӣ намудани низомҳои муосири баҳисобгирӣ, рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва таҳкими устувории соҳа дар шароити тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини марҳилаи нави рушди энергетика мебошанд.
Ҳалли ин вазифаҳо масъулияти баланди касбӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби сармоягузорӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои обию энергетикии кишварро тақозо менамояд.
Бовар дорам, ки таҷрибаи ғании дар солҳои соҳибистиқлолӣ андӯхташуда, донишу малакаи мутахассисони соҳа, неруи созандаи ҷавонон ва садоқат ба Ватан имкон медиҳанд, ки нақшаҳои пешбинишуда бомуваффақият амалӣ гардида, ояндаи боэътимоди энергетикии Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Дар ин рӯзи фархунда ба собиқадорони соҳа, ки дар ташаккул ва рушди анъанаҳои касбии он саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки имрӯз дар неругоҳҳо, ширкатҳои энергетикӣ, майдонҳои сохтмонӣ, муассисаҳои илмию лоиҳакашӣ, мақомоти идоракунӣ ва муассисаҳои таълимӣ фаъолияти пурсамар доранд, миннатдории самимии худро баён менамоям.
Ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, сулҳу осоиш, рӯзгори ободу осудаи оилавӣ, неруи созанда, дастовардҳои нави касбӣ ва дар фаъолияти пуршараф ба хотири пешрафту шукуфоии Ватани азизамон комёбиҳои беназир орзумандам.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Далер ҶУМЪА,
Вазири энергетика ва захираҳои оби
Ҷумҳурии Тоҷикистон













