35 СОЛИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР НАШРИ МАХСУСИ МАҶАЛЛАИ «ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ»

‎Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.
‎Шумораи махсуси маҷалла ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расида, дар он дастовардҳои соҳаҳои энергетика ва захираҳои об дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди рушди инфрасохтори энергетикӣ ва об, татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, инчунин иқдомҳои созанда ва натиҷаҳои назарраси соҳа ба таври фарогир инъикос гардидаанд.
‎Нашри шумораи махсуси маҷалла бозгӯи дастовардҳои муҳими соҳа дар 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳамчун манбаи иттилоотӣ барои мутахассисон, кормандони соҳа, аҳли илму маориф ва доираи васеи хонандагон хизмат хоҳад кард.