Лоиҳа
ҚАРОРИ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Қоидаҳои воридшавии энергияи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ ва фурӯши он ба истифодабарандагон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамъиятҳои дигари соҳаи энергетика ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













