11-уми сентябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз як қатор иншооти иҷтимоие, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, корҳои сохтмонии онҳо идома доранд, боздид ба амал овард.
Нахуст вазир аз муассисаи таҳсилоти томактабии «Махзани меҳр»-и деҳаи Шувҷев дидан намуда, бо шароити фароҳамовардашуда ва раванди корҳои анҷомёфта шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабӣ бунёд гардида, барои ба таҳсилу тарбия фаро гирифтани кӯдакони деҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи сафар вазир аз майдончаи варзишии деҳаи Шувҷев, инчунин, рафти корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Себзор шинос шуд.
Зимни боздид масъулон оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати корҳои иҷрошуда ва муҳлати ба истифода додани иншоот ба вазир маълумот пешниҳод намуданд.
Вазир ба масъулин ҷиҳати анҷоми саривақтии корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо дод.



























