ДАР НИЗОМИ ЯГОНАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ САДАМАИ ТЕХНОЛОГӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

25-уми сентябри соли 2026, соати 05:02 дақиқа, дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ садамаи технологӣ рух дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи қатъ гардидани ҳаҷми муайяни иқтидорҳои истеҳсоли энергияи барқ дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, нотавозунӣ байни ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли энергияи барқ ва тағйироти ногаҳонии ҷараёни иқтидорҳо дар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ба амал омад.

Бо мақсади пешгирии густариши садама ва таъмини устувории фаъолияти низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, системаҳои зиддисадамавӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъол гардиданд ва дар натиҷа низоми энергетикии кишвар дар дақиқаҳои башумор барқарор гардида, ба реҷаи муътадили фаъолият баргашт.

Айни замон низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият намуда истодааст.

Мутахассисони соҳа дар ҳамкорӣ бо танзимгарони Маркази ҳамоҳангсозӣ- диспетчерии «Энергия» ва низомҳои энергетикии кишварҳои ҳамсоя таҳлили ҷузъиёти садамаи мазкурро, ки  берун аз ҳудуди низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада буд, идома дода истодаанд.