25-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Бо мақсади натиҷагирии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №178 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои омодагии иншооти энергетикӣ, таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикии кишвар, ҳолати захираҳои сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурӣ, инчунин андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаю муассисаҳои соҳа дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ гардиданд.
Ба масъулини ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Марказҳои барқу гармидиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти корҳои омодагӣ, таъмини фаъолияти боэътимоди таҷҳизоту иншооти энергетикӣ, назорати мунтазами ҳолати техникии онҳо ва омодагии пурраи кормандони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
















