ДУ НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ БО ИҚТИДОРИ 6 МВТ ДАР ШУҒНОН ВА ИСФАРА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ва шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд ду неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 6 МВт ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори умумии 1 МВт·соат ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд (27.09.2026).

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 МВт ва дастгоҳи захиракунандаи энергия бо иқтидори 0,5 МВт·соат моҳи июни соли 2025 оғоз гардида, иншоот дар муҳлати як сол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея аз ҷониби ҶСК «Помир Энерҷӣ» бунёд шудааст.

Неругоҳ дар баландии 2 ҳазору 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳати он 4 гектарро ташкил медиҳад. Паймонкори сохтмони иншоот ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад.

Бо мақсади истеҳсоли неруи барқ аз энергияи офтоб дар неругоҳ 4 ҳазору 752 адад панелҳои офтобӣ насб гардидаанд.

Иншооти мазкур яке аз иқтидорҳои муҳими истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки имкониятҳои бузурги энергетикии офтобии минтақа замина фароҳам меорад. Иқтидори истеҳсолии он, бахусус дар фасли зимистон, барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо неруи барқ аҳамияти муҳим дорад.

Зимни муаррифии неругоҳи барқи офтобии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо иқтидори 3 МВт ва дастгоҳи захиракунандаи энергия бо иқтидори 0,5 МВт·соат бунёд гардида, барои беҳтар намудани таъминоти барқи шаҳраки саноатии Шӯроб ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои неругоҳҳои нав ба масъулон дастур доданд, ки бо истифода аз иқтидор ва имкониятҳои мавҷуда дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ бунёди неругоҳҳои офтобиро вусъат бахшида, барои рушди минбаъдаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Татбиқи чунин лоиҳаҳои энергетикӣ ба афзоиши ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар сохтори энергетикии кишвар, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ ва коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия равона гардида, ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди «энергияи сабз» ва таҳкими иқтидори энергетикии кишвар мутобиқ мебошад.

Бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд, барои истифодаи самараноки иқтидори фаровони энергияи офтобӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва таъмини рушди устувори соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам меорад.