ВМКБ: БУНЁДИ 31 НЕРУГОҲИ ОБӢ, ОФТОБӢ ВА БОДӢ ИҚТИДОРИ ИСТЕҲСОЛИИ ВИЛОЯТРО 25 % АФЗУД

27-уми сентябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб 31 неругоҳ – 2 неругоҳи барқи обӣ, 28 неругоҳи барқи офтобӣ ва як неругоҳи барқии бодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин иншоотҳои энергетикӣ дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст, бунёд шудаанд.

Иқтидори умумии неругоҳҳои ба истифода додашуда наздики 14 МВт-ро ташкил дода, дар маҷмуъ иқтидорҳои тавлидии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро 25 фоиз зиёд намуд.

Мавриди зикри хос аст, ки ба истифода додани ин иншоотҳои нави энергетикӣ барои таҳкими заминаҳои энергетикии вилоят, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ ва рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо татбиқи ин лоиҳаҳо ва ба истифода додани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, таъмини аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо неруи барқ ба 100 фоиз расонида шуд.

Ин иқдоми муҳим, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои мавҷудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар минтақа мусоидат менамояд.

Барои татбиқи ин лоиҳаҳо, дар маҷмуъ 885 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар давраи корҳои сохтмонии иншоотҳои энергетикӣ наздики 300 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои обӣ, офтобӣ ва бодӣ дар минтақаҳои гуногуни ВМКБ қадами муҳим дар самти тақвияти иқтидори энергетикии вилоят, рушди энергетикаи сабз ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодию иҷтимоии минтақа ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, иқтидори энергетикии маҳаллӣ афзоиш ёфта, вобастагӣ аз манбаъҳои беруна коҳиш дода шавад.