Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқ ва зеристгоҳи барқиро дар ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошим ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд (27-уми сентябр).
Дар ноҳияи Рӯшон хатти интиқоли барқи дузанҷираи 110 ва 35 киловолтаи «Вомар–Вознавд» бо дарозии 42,3 километр ба истифода дода шуд.
Ин иншооти муҳими энергетикӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқ, таҳкими инфрасохтори интиқоли неруи барқ, баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии шабакаи барқии минтақа, инчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии ноҳия бунёд гардидааст.
Ба истифода додани хатти нави интиқоли барқ дар рушди инфрасохтори энергетикии ноҳияи Рӯшон аҳамияти муҳим дошта, барои коҳиш додани маҳдудиятҳои шабака, баланд бардоштани сифати таъминоти неруи барқ ва таъмини фаъолияти устувори иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа мусоидат менамояд.
Бунёди ин хатти интиқоли барқ ҳамзамон ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвозро ба шабакаи ягонаи барқии вилоят пайваст намуда, имкониятҳои интиқоли неруи барқ ва устувории низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро боз ҳам таҳким мебахшад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам оварда, дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ба истифода додани инфрасохтори мазкур имкониятҳои содиротии неруи барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳаҷми 60 МВт зиёд намуд.
Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи «Барқикунонии вилояти Бадахшон» амалӣ гардидааст.
Инчунин, дар ноҳияи Ишкошим зеристгоҳи барқии 110/35 киловолтаи «Қозидеҳ» бо ду трансформатори иқтидорашон 6,3 мегаволт-ампер мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зеристгоҳи мазкур барои боз ҳам устувор намудани таъминоти барқ дар ноҳияи Ишкошим, афзоиши иқтидори интиқол ва тақсимоти неруи барқ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии энергетикӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия хизмат менамояд.
Фаъолияти зеристгоҳи нав ҳамзамон имкониятҳои интиқол ва содироти неруи барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба минтақаҳои ҳаммарзи кишварҳои ҳамсоя васеъ намуда, барои таҳкими ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Арзиши умумии лоиҳаҳои мазкур 94,54 миллион сомониро ташкил дода, дар рафти татбиқи онҳо барои 160 нафар ҷойи кори муваққатӣ ва доимӣ муҳайё гардид.
Ба истифода додани иншооти мазкур қадами муҳим дар самти навсозӣ ва рушди инфрасохтори энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, барои таҳкими минбаъдаи иқтидори шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.

















