29-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳавзавии дарёи Вахш баргузор гардид, ки ба масъалаҳои татбиқи принсипҳои идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об (ИҲЗО), таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва рушди минбаъдаи муносибати ҳавзавӣ дар Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, Идораи захираҳои оби ҳавзаи дарёи Вахш, инчунин намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, коршиносон ва шарикони соҳаи об иштирок намуданд.
Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа интихоби нави аъзои Шӯрои ҳавзавӣ буд. Мутобиқи тартиби муқарраршуда, навсозии ҳайати Шӯро ҳар панҷ сол бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки фаъолияти онҳо ба идоракунӣ ва истифодаи захираҳои оби ҳавза алоқаманд аст, анҷом дода мешавад.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:
- вазифаҳо, функсияҳо ва тартиби навшудаи фаъолияти Шӯрои ҳавзавӣ;
- ташаккули ҳайати нави Шӯро ва масъалаҳои фаъолияти минбаъдаи он;
- механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, истифодабарандагони захираҳои об ва шарикон;
- вазъи кунунӣ ва хусусиятҳои ҳавзаи дарёи Вахш;
- татбиқи принсипҳои идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об;
- масъалаҳои истифодаи устувор ва оқилонаи захираҳои об барои эҳтиёҷоти аҳолӣ, кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист;
- лоиҳаи Нақшаи ҳавзавии дарёи Вахш то соли 2040.
Диққати махсус ба банақшагирии дарозмуддати ҳавзавӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва зарурати татбиқи муносибати ҳамоҳангшуда дар идоракунии захираҳои об равона гардид.
Шӯрои ҳавзавии дарёи Вахш ҳамчун платформаи муҳим барои муколама ва ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, истифодабарандагони захираҳои об, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд хизмат мекунад.
Баргузории ҷаласаи сеюми Шӯро қадами навбатӣ дар самти таҳкими муносибати ҳавзавӣ ва рушди низоми самараноки идоракунии муштараки захираҳои оби дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.

















