1-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори иҷроияи ширкати давлатии энергетикии Афғонистон «Da Afghanistan Breshna Sherkat» Абдулҳақ Ҳамкор дидор анҷом дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», аз ҷумла вазъи кунунии корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳои вобаста ба масъалаҳои матраҳшаванда дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки баргузории он дар даҳаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар аст, табодуои афкор намуданд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «CASA-1000» дар ҳудуди се кишвари иштирокчӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидаанд. Дар айни замон, корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Афғонистон идома дошта, тибқи нақша бояд то баҳори соли 2027 ба анҷом расанд.















