Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №593 «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо», фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ҳамчун намуди фаъолияти махсус муқаррар карда шудааст.
🔴 МУҲИМ!
Ба таваҷҷуҳи ҳамаи соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ машғуланд ё дар оянда чунин фаъолиятро ба роҳ хоҳанд монд, расонида мешавад, ки барои анҷом додани фаъолияти мазкур гирифтани иҷозатномаи махсус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
📌 ЧӢ БОЯД КАРД?
Соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидори дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ба расмият даровардани фаъолияти худ ва гирифтани иҷозатномаи махсус тибқи тартиби муқарраргардида, ба сомонаи🌐ijozat.mewr.tj ворид гардида, худро ба қайд гиранд ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои заруриро дохил намоянд.
Ҳамзамон, метавонанд ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
☎️ МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС: 235-98-51













