🇹🇯🇱🇻Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Яҳёзода Парвиз дар доираи сафари корӣ ба Латвия бо роҳбарият ва масъулини ширкати энергетикии «Latvenergo», мақоми танзимкунандаи соҳаи электроэнергетика ва Шабакаҳои тақсимоти барқи Латвия мулоқот намуданд.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи электроэнергетика, ҷанбаҳои амалии ташаккул ва фаъолияти бозори неруи барқ, сиёсати энергетикӣ, раванди ислоҳоти соҳа ва механизмҳои танзими давлатии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба таҷрибаи пешқадами Латвия дар самти идоракунии корпоративӣ, такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ, таҳкими иқтидори амалиётӣ ва молиявии онҳо табодули назар намуданд.
Ба масъалаи рақамикунонии соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва фаъолияти шабакаҳои барқӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами Латвия дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Сафари мазкур аз 28-уми сентябр то 2-юми октябр дар доираи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон, ки ба рушди устувори соҳаи энергетика, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ равона гардидааст, роҳандозӣ шуд.















