БАРРАСИИ РАВАНДИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «CASA-1000» БО ҲАЙАТИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

2-юми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» қарор гирифт.

Ҳамсуҳбатон доир ба ҷараёни иҷрои корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои марбут ба пешбурди татбиқи лоиҳа табодули назар намуданд.