5-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин сана шодбош гуфта, таъкид кард, ки Рӯзи забони давлатӣ ифодагари эҳтиром ба забони модарӣ, мероси маънавии ниёгон ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони идоракунии давлатӣ, илму маориф, қонунгузорӣ ва муоширати расмӣ дар таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ҷойгоҳи устувор пайдо намуд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин аҳамияти рушди истилоҳоти соҳавӣ ва тавсеаи истифодаи забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки рушди босуръати илму техника зарурати таҳия ва истифодаи истилоҳоти саҳеҳу фаҳморо ба миён оварда, дар ин раванд ҳамкории забоншиносон бо мутахассисони соҳаҳои энергетика ва захираҳои об муҳим мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорат Гул Шарифзода оид ба рушди забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳияи истилоҳоти соҳаи захираҳои об суханронӣ намуд.
Мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат Гулдаста Халилова доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ибрози андеша кард.
Ҳамчунин, як қатор кормандони Вазорат доир ба аҳамияти ин сана ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ҳифзу гиромидошти забони модарӣ андешаҳои худро баён доштанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи меъёрҳои он дар фаъолияти касбӣ ва саҳмгузорӣ дар ғановату густариши забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як корманди соҳа мебошад.































