МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО КОРДОРИ САФОРАТИ ИМА

🇹🇯🇺🇸8-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Карсон Релитс Рокерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

Дар идомаи муколама масъалаҳои марбут ба вазъи кунунии таъмини бозори дохилии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ баррасӣ гардид.

Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои идомаи муколама ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.