БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

8-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод гардида, рафти иҷрои нишондиҳандаҳо ва масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома муовини вазир Парвиз Яҳёзода ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва омодасозии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбарияти ноҳия ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат дар иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.