ТАЪМИНИ ПОЙТАХТ БО БАРҚ ВА ГАРМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

8-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе (иқтидори истеҳсоли 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал энергияи гармӣ) шинос шуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки айни замон ду турбинаи марказ фаъолият дорад.

Муовини вазир таъкид намуд, ки омодагии саривақтӣ ба зимистон ва фаъолияти боэътимоди таҷҳизоти марказ барои таъмини эҳтиёҷоти сокинон ва муассисаҳои пойтахт аҳамияти муҳим доранд.

Бо фарорасии рӯзҳои сард талабот ба неруи барқ ва гармӣ меафзояд ва ин аз масъулон тақозо менамояд, ки масъалаҳои омодагии марказро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Дар робита ба ин, Шариф Маҳмадзода ба роҳбарияти марказ ҷиҳати таъмини фаъолияти устувор дар фасли зимистон ва таъмини шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ дастурҳои мушаххас дод.