ДАР ҶАЛАСАИ 95-УМИ КБҲХОМ ҲАҶМҲОИ ОБГИРӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2027 ДАР ҲАВЗАҲОИ ДАРЁҲОИ СИР ВА АМУ БАРРАСӢ ШУД

🇹🇯🇰🇿🇹🇲🇺🇿 7-уми октябр шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ (КБҲХОМ) баргузор гардид.
‎
‎Дар ҷаласа сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамраев иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, масъалаҳои тасдиқи ҳаҷмҳои иҷозатдодашудаи обгирии кишварҳо ва реҷаи пешбинишудаи кори силсилаи обанборҳо барои давраи байни мавсимҳои нашъунамои солҳои 2026-2027, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон ба масъалаҳои такмили баҳисобгирӣ ва мониторинги захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи ҷорӣ намудани низоми худкори баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир ба мувофиқа расиданд.

Баргузории ҷаласаи навбатии 96-уми КБҲХО дар семоҳаи якуми соли 2027 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.