БАРРАСИИ РАВАНДИ ТАТБИҚ ВА ОМОДАГӢ БА ИСТИФОДАИҲИИ МАРҲИЛАИ ТИҶОРАТИИ ЛОИҲАИ «CASA-1000»

Аз 7-ум то 9-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» бо иштироки намояндагони Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода иштирок намуд.

Муовини вазир зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои боқимонда ва омодасозии лоиҳа ба истифодабарии тиҷоратӣ баён кард.

Зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳа, масъалаҳои техникӣ, амалиётӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ, инчунин тадбирҳои зарурӣ барои гузариш ба марҳилаи истифодабарии тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба идомаи корҳо оид ба тартиби интихоби оператори истгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни доимӣ, таъмини омодагии лоиҳа ба истифодабарӣ ва ташкили мониторинги мунтазами иҷрои чорабиниҳои боқимонда зоҳир гардид.

Муовини вазир ба масъалаҳои устуворӣ ва эътимоднокии низомҳои энергетикии минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати арзёбии низомҳои амалкунандаи ҳимояи зиддисадамавӣ ва дар ҳолати зарурӣ навсозии онҳо, аз ҷумла насби дастгоҳҳои иловагии автоматикаи зиддисадамавиро таъкид кард.

Инчунин, аҳамияти сари вақт анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонӣ, ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби захираҳои зарурии молиявӣ таъкид гардид.

Манучеҳр Сафарзода иброз дошт, ки лоиҳаи «CASA-1000» барои Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии дорои аҳамияти стратегӣ буда, барои густариши савдои неруи барқ, таҳкими ҳамкориҳои энергетикӣ ва таъмини манфиатҳои дарозмуддати иқтисодию иҷтимоии кишварҳои иштирокчӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.