НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026

13-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият дар нуҳ моҳи соли 2026 доир гардид.
‎
‎Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, намояндагони мақомоти соҳавӣ, роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.
‎
‎Тибқи рӯзнома, муовини директори генералии ҷамъият ва дигар шахсони масъул оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот доданд.

Зимни баррасии масъалаҳо вазир ба омодагии зеристгоҳҳо ва шабакаҳои интиқоли барқ ба давраи тирамоҳу зимистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмини фаъолияти устувору боэътимоди таҷҳизот, паст намудани сатҳи талафоти неруи барқ, пешгирӣ ва кам кардани қатъшавиҳои технологӣ, инчунин вокуниши саривақтӣ ба садамаҳо ва фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо дастурҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд» ва бунёди зеристгоҳҳои барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе диққати махсус равона гардид.