13-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорат бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, кормандони Вазорат, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа ду масъала – ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи сеюми соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол, инчунин рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2026, №178 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои мазкур гузориши муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Маҳмадзода шунида шуд.
Дар идома ахбороти роҳбари корхонаю муассисаҳои соҳа ироа гардида, фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзмон, ҷиҳати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияти кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастуру супоришҳо дода шуданд.
Сипас, вазифаҳои афзалиятнок барои то охири соли соли 2026 муайян карда шуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардиданд.



























