ИМЗОИ ДУ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!»

14-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.

Ёддошти нахуст байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми Пешбар – ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи тақсимоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба имзо расид. Санадро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва директори оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Бежан Азонов имзо намуданд.

Ёддошти дуюм байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Xinjiang Shouhai Power Development Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкур ба рушди ҳамкориҳо дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Оби Хингови Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Онро аз ҷониби Тоҷикистон вазир Далер Ҷумъа ва аз ҷониби ширкат роҳбари он Чен Чжэнцзян имзо карданд.

Имзои ин санадҳо барои густариши ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони хориҷӣ дар самтҳои рушди инфрасохтори тақсимоти неруи барқ ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар замина фароҳам меорад.