МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БАТР ДАР ТОҶИКИСТОН

🇹🇯🇪🇺16-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел вохӯрӣ анҷом дод.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ гардид.

Дар ҷараёни муколама масъалаи ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикии кишвар муҳокима гардид.

Ҳамзамон, доир ба бунёди иқтидорҳои нави гирдроэнергетикӣ бо ҷалби Бонк табодули афкор сурат гирифт.