ОЗМОИШГОҲИ САЙЁР: ИМКОНИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБ ДАР МАҲАЛҲО

21-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Бо иштироки муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири сайёр барои санҷиши фаврии сифати об тақдим гардид.

Озмоишгоҳи мазкур дар доираи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон», ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, супорида шуд.

Татбиқи қисмати якуми лоиҳаро Гурӯҳи дохилиидоравии обтаъминкунӣ ва беҳдошти назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Озмоишгоҳи сайёр бо таҷҳизоти муосир барои гузаронидани таҳлилҳои физикӣ, кимиёвӣ ва микробиологии об муҷаҳҳаз буда, ба мутахассисон имкон медиҳад, ки бевосита дар маҳалҳо, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст, сифати обро арзёбӣ намоянд.

Бартарии асосии он имкони анҷом додани санҷишҳо дар шароити саҳроӣ буда, зарурати интиқоли намунаҳои об ба озмоишгоҳҳои марказӣ коҳиш ёфта, муҳлати дастрас намудани натиҷаҳои таҳлил кӯтоҳ гардид.

Истифодаи озмоишгоҳи сайёр ба тақвияти мониторинги сифати оби нӯшокӣ, ошкор намудани номувофиқатӣ ба меъёрҳои муқарраргардида ва андешидани чораҳои саривақтӣ мусоидат мекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки таъминоти аҳолӣ бо оби босифату бехатари нӯшокӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақвияти имкониятҳои техникии назорати сифати об қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ мебошад.