Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои муҳиму стратегии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди устувори он заминаи асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар, фаъолияти босамари корхонаҳои саноатӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Бо шарофати сиёсати созандаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат сол ба сол соҳаи энергетика рушд намуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бунёд, неругоҳҳои амалкунанда таҷдиду навсозӣ ва инфрасохтори интиқолу тақсимоти неруи барқ такмил меёбанд.
Дар натиҷаи татбиқи ин тадбирҳо вазъи таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо неруи барқ тадриҷан беҳтар гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ заминаҳои устувор фароҳам оварда мешаванд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 таъкид намуданд, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 вазъи таъминот бо неруи барқ беҳтар гардида, соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил хоҳад шуд.
Ин дурнамои нек моро ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи энергетикаи мамлакат умедвор намуда, ҳамзамон масъулияти ҳар яки моро дар истифодаи оқилона ва самараноки неруи барқ бештар мегардонад.
Қобили зикр аст, ки дар давраи тирамоҳи соли ҷорӣ таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст.
Ин натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳа, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳа мебошад.
Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки дар фасли сармо бинобар паст гардидани ҳарорати ҳаво талабот ба неруи барқ ба таври назаррас меафзояд ва бо сабаби кам гардидани резиши об дарёҳо истеҳсоли неруи барқ коҳиш меёбад.
Аз ин рӯ, истифодаи сарфакорона, махсусан дар соатҳои авҷи истеъмол, барои таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ бо неруи барқ аҳамияти муҳим дорад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як сокини мамлакат, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар истифодабарандагон даъват менамояд, ки дар истифодаи неруи барқ масъулияти баланд зоҳир намуда, ба сарфаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.
Дар ин замина, зарур аст, ки аз истифодаи беҳудаи неруи барқ худдорӣ намуда, таҷҳизот барқии каммасрафро истифода барем, ҳангоми зарурат надоштан чароғҳо ва дигар дастгоҳҳои барқиро хомӯш намоем, аз истифодаи асбобҳои сермасраф, махсусан дар соатҳои авҷи сарборӣ, худдорӣ кунем ва ба истифодаи қонуниву мақсадноки неруи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.
Бояд дарк намоем, ки ҳар як киловатт-соат неруи барқи сарфашуда барои таъмини устувори дигар истифодабарандагон, фаъолияти муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим мусоидат менамояд.
Бовар дорем, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти Тоҷикистон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, фарҳанги сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
✅@mewrtj













