ДАР ҚИСМАТИ ШАРҚИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЗЕРИСТГОҲИ НАВИ БАРҚИИ 220 кВ БУНЁД МЕШАВАД

4-уми ноябри соли 2026, ноҳияи Рӯдакӣ. – Бо мақсади таъмини боэътимоди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дар наздикии «Боғи Ғалаба» (Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ) барои бунёди зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ санги асос гузошта шуд.

Дар ин маросим вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ доданд, ки зеристгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бунёд мешавад.

Сохтмони иншоот дар доираи нақшаи рушди соҳаи энергетика барои солҳои 2022-2030 амалӣ мегардад.

Пудратчии лоиҳа ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, коҳиш додани талафоти техникии неруи барқ ва кам кардани сарбории зеристгоҳҳо ва хатҳои амалкунандаи интиқоли барқи 110-220 кВ ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақша, зеристгоҳи нав моҳи августи соли 2028 ба истифода дода мешавад.

Зимни суҳбат бо сохтмончиён вазир ба зарурати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтмони зеристгоҳ таъкид кард.