ШИНОСОИИ ВАЗИР БО ЛОИҲАҲОИ РАҚАМИКУНОНИИ ШИРКАТИ «KEGOC»-И ҚАЗОҚИСТОН ‎

6-уми ноябри соли 2026, Остона. – Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз Ҷамъияти саҳомии «KEGOC» ташриф оварда, бо фаъолияти ширкат ва лоиҳаҳои муосири он дар самти рақамикунонии соҳаи энергетика шинос гардид.

‎Зимни боздид раиси Раёсати ҶС «KEGOC» Наби Айтжанов ба вазир самтҳои асосии фаъолияти ширкат, дурнамои рушди низоми ягонаи электроэнергетикии Қазоқистон ва раванди татбиқи лоиҳаҳои стратегии сармоягузориро муаррифӣ намуд.

‎Дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаҳои рақамикунонии соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии низоми энергетикӣ қарор доштанд.

‎Дар ин замина, роҳбарияти ширкати «KEGOC» роҳҳалҳои муосири технологиро, ки ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, самаранокӣ ва устувории фаъолияти шабакаҳои миллии интиқоли неруи барқ равона гардидаанд, муаррифӣ намуд.

‎Далер Ҷумъа ба таҷрибаи ширкати «KEGOC» дар самти гузариш ба технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва татбиқи навовариҳо дар идоракунии шабакаҳои барқӣ баҳои баланд дод.

‎Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба дар самти рақамикунонии соҳаи энергетика, истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва такмили низоми идоракунии шабакаҳои электроэнергетикӣ ба мувофиқа расиданд.

‎

‎