ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН ҲАМКОРИҲОРО ДАР СОҲАИ ТАЪМИНОТ БО МАҲСУЛОТИ НАФТӢ ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

🇹🇯🇰🇿7-уми ноябри соли 2026, Остона. – Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев маросими имзои 20 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин маросим байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши нафту газ, таъмини устувори бозори дохилии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, диверсификатсияи манбаъҳои воридот ва таҳкими амнияти энергетикии кишвар равона гардидааст.

Тибқи созишнома, ҷонибҳо барои мусоидат ба таҳвили маҳсулоти нафтии истеҳсоли Қазоқистон ба Тоҷикистон, аз ҷумла бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, битум, мазут ва дигар намудҳои маҳсулоти нафтӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд.

Яке аз самтҳои муҳими созишнома ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни истеҳсолкунандагону таъминкунандагони қазоқистонӣ ва ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон мебошад.

Нуктаи муҳими дигари санад пешбинӣ намудани механизми ҳамасолаи мувофиқаи ҳаҷми таҳвили маҳсулоти нафтӣ мебошад. Мутобиқи он, ҷонибҳо то 1-уми октябри ҳар сол ҳаҷми эҳтимолии таҳвили маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон барои соли минбаъда мувофиқа намуда, тавозунҳои индикативиро бо дарназардошти талаботи бозори дохилии Тоҷикистон ба имзо мерасонанд.

Дар баробари ин, созишнома баррасии имконияти бунёди корхонаҳои нави коркарди нафт ё тавсеаи иқтидорҳои мавҷудаи коркарди нафт дар Қазоқистонро бо назардошти эҳтиёҷоти Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

Имзои ин санад қадами муҳим дар самти тавсеаи ҳамкориҳои соҳавии Тоҷикистон ва Қазоқистон буда, барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва таҳкими шарикии стратегию муносибатҳои ҳампаймонии ду давлати дӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.