САРФАИ ЭНЕРГИЯ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия

Дар ҷаҳони муосир, ки тағйирёбии иқлим, маҳдудияти захираҳои табиӣ, афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба энергияи барқ ба масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтаанд, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар чунин шароит сарфаи энергияи барқ яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Аврупо, Амрико ва Осиё, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисоди «сабз» ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳаи энергетика танҳо бо афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ маҳдуд намешавад. Дар баробари бунёди неругоҳҳои нав, навсозии инфрасохтори энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, пешгирии талафоти энергия ва истифодаи сарфакоронаи он низ аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамасола, 11-уми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси шабакаи байналмилалии экологӣ – «Лоиҳаи мактабӣ оид ба истифодаи захираҳо ва энергия» (SPARE) соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти давлатӣ ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ мебошад.

Дар ин замина, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтоб, шамол, об ва геотермалӣ, низ аҳамияти махсус дорад. Истифодаи чунин манбаъҳо дар баробари сарфаи энергия ба коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист, гуногунсозии манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва таҳкими устувории низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

🔷МАДАНИЯТИ САРФАКОРӢ АЗ ОИЛА ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОҒОЗ МЕЁБАД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кардаанд: «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Ин таъкиди Сарвари давлат аҳамияти тарбияи фарҳанги истифодаи сарфакоронаи захираҳои табииро дар ҷомеа боз ҳам равшан месозад. Воқеан, омӯзонидани қоидаҳои одии сарфаи энергия ба кӯдакон, аз ҷумла хомӯш намудани чароғҳо ва таҷҳизоти барқии нолозим, истифодаи дурусти асбобҳои маишӣ ва пешгирӣ аз исрофкории неруи барқ, метавонад дар ташаккули насли дорои масъулияти баланди энергетикӣ нақши созгор гузорад.

🔷ҚОНУНГУЗОРӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ — ЗАМИНАИ ТАЪМИНИ САМАРАНОКИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ дар доираи сиёсати давлатӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқии амалкунанда танзим мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ дар ин самт ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ замина фароҳам меорад.

Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои зерин равона гардидаанд:
• баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ ва дигар захираҳои энергетикӣ;
• ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҷҳизоти каммасраф;
• коҳиш додани талафоти энергия дар марҳилаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимот;
• рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
• такмили низоми баҳисобгирӣ ва назорати истеъмоли энергия;
• баланд бардоштани маърифати энергетикии аҳолӣ ва ташвиқи фарҳанги сарфакорӣ.

Дар баробари ин, татбиқи чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби васеи аҳолӣ ба истифодаи оқилонаи неруи барқ аз ҷумлаи омилҳои муҳими ноил гардидан ба ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар ин самт мебошанд.

🔷САРФАИ ЭНЕРГИЯ – САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДӢ ВА ПЕШРАФТИ ИҶТИМОӢ

Сарфаи энергия маънои танҳо кам кардани ҳаҷми истеъмоли неруи барқро надорад. Он пеш аз ҳама, истифодаи мақсадноки ҳар як воҳиди энергия, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ ва маиширо дар бар мегирад.
Тибқи арзёбиҳои мутахассисон, дар бисёр ҳолатҳо татбиқи чораҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ нисбат ба бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми таъминоти энергия аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Аз ҷумла, истифодаи таҷҳизоти каммасраф, ҷорӣ намудани низоми муосири равшанидиҳӣ, беҳтар намудани гарминигоҳдории биноҳо ва танзими оқилонаи фаъолияти таҷҳизоти барқӣ метавонад ҳаҷми истеъмоли энергияро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Дар сатҳи корхонаю муассисаҳо бошад, гузаронидани аудити энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосири истеҳсолӣ, навсозии таҷҳизоти кӯҳна ва татбиқи низоми назорати истеъмоли энергия имкон медиҳад, ки хароҷоти истеҳсолӣ коҳиш ёфта, рақобатпазирии маҳсулот баланд бардошта шавад.

🔷ТОҶИКИСТОН: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАХИРАҲО – РОҲИ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, имкониятҳои назарраси рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла офтобу шамолро низ доро мебошад. Ин имкониятҳо барои рушди устувори соҳаи энергетика ва таъмини талаботи рӯзафзуни иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Бо вуҷуди ин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва сарфаи неруи барқ дар баробари бунёду ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини боэътимоди истеъмолкунандагон бо неруи барқ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ, рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, инчунин зиёд гардидани шумораи истеъмолкунандагон, масъалаи истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Зеро ҳар киловатт-соати сарфашуда имкони истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, коҳиш додани сарбории низоми энергетикӣ ва равона намудани неруи барқ ба дигар соҳаҳои афзалиятнокро фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва дигар иншооти истеҳсолӣ, навсозии шабакаҳои интиқолу тақсимоти неруи барқ, кам намудани талафоти техникӣ ва ғайритехникӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири каммасраф бояд ба самтҳои афзалиятнок табдил дода шаванд.

Дар ин раванд, масъулияти сарфаи неруи барқ танҳо ба мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои энергетикӣ маҳдуд намегардад. Ҳар як шаҳрванд, корхона, муассиса ва ташкилот метавонад бо риояи қоидаҳои одии сарфакорӣ дар таъмини устувории низоми энергетикии кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия бори дигар моро водор месозад, ки ба муносибати худ нисбат ба захираҳои энергетикӣ бо масъулияти бештар назар намоем.

Пас, сарфаи энергияро бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги рӯзмарраи худ табдил диҳем. Зеро рушди устувори энергетика дар баробари истеҳсоли бештари неруи барқ, инчунин аз истифодаи оқилона ва самараноки ҳар як киловатт-соати он вобаста аст.

✅@mewrtj

Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website