МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶСК «ИНТЕР РАО»

10 ноябри соли 2026, Москва. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори генералии ҶСК «Интер РАО» Сергей Дрегвал мулоқот намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои рушди минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.

Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website