🇹🇯🇷🇺11-уми ноябри соли 2026, Москва. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия бо Вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв дидор анҷом дод.
Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои соҳавӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро муҳокима намуданд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» буд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ва тақвияти робитаҳои шарикӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи энергетика изҳор доштанд.
Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website













