12-уми ноябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи кунунӣ, натиҷаҳои фаъолият, дурнамои рушди соҳаи энергетика ва захираҳои об, инчунин раванди расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар баромад намуд.
Зимни суханронӣ вазир таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги стратегӣ, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими инфрасохтори энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
– Дар ин давра 37 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, айни замон татбиқи 20 лоиҳаи дигар бо маблағи 23 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар натиҷаи бунёди беш аз 2300 мегаватт иқтидорҳои нав иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар ба зиёда аз 6700 мегаватт расонида шудааст.
Истеҳсоли энергияи барқ бошад, аз 17,4 миллиард киловатт-соати соли 1991 дар соли 2025 ба 24 миллиард киловатт-соат расидааст, – илова кард вазир.
Дар баробари сохтмони иншооти нав, таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда низ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар натиҷаи таҷдиди се агрегати Неругоҳи барқи обии «Норак» иқтидори он 120 мегаватт зиёд гардида, пас аз анҷоми пурраи корҳои навсозӣ дар соли 2031 иқтидори неругоҳ ба 3375 мегаватт расонида мешавад. Ҳамчунин, дар натиҷаи таҷдиди неругоҳҳои «Қайроққум», «Сарбанд» ва «Варзоб-1» иқтидорҳои истеҳсолии онҳо афзоиш ёфтаанд.
Ба таъкиди вазир, татбиқи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори лоиҳавии 3780 мегаватт барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ қариб 70 фоиз иҷро гардида, ба истифода додани агрегати сеюм моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 пешбинӣ шудааст.
Дар самти диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли энергия рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ низ муҳим арзёбӣ гардид. Айни замон дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун бунёди ду неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт идома дошта, то охири соли 2027 сохтмони боз 1000 мегаватт иқтидори нави фотоэлектрикӣ дар назар аст.
Ҳамзамон, ба рушди инфрасохтори интиқолу тақсимоти барқ, пайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин замина, татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», бунёди хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва корҳои пайваст намудани қисми шимолии низоми энергетикии кишвар ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз иқдомҳои муҳим арзёбӣ шуданд.
Вазир, ҳамчунин масъалаи коҳиш додани талафоти неруи барқро баррасӣ намуда, зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 талафоти неруи барқ дар низоми энергетикӣ 12,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 банди фоизӣ кам гардидааст. Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ, такмили низоми баҳисобгирӣ ва таҷдиди шабакаҳои барқӣ идома дорад.
Дар идома масъалаҳои ислоҳоти сохторӣ ва такмили заминаи ҳуқуқии соҳа низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми муҳим барои ташаккули низоми ягонаи ҳуқуқӣ, ҷалби сармояи бахши хусусӣ, рушди бозори рақобатпазири неруи барқ, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳа арзёбӣ гардид.
– Таъмини талаботи иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар ба маҳсулоти сӯзишворӣ, фароҳам овардани захираҳои зарурӣ ва таъмини мунтазаму бефосилаи бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, – қайд кард вазир.
Дар баробари масъалаҳои энергетика, вазир оид ба натиҷаҳои фаъолияти кишвар дар самти идоракунии захираҳои об ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об низ маълумот пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми баромад таъкид гардид, ки фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи минбаъда ба идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, навсозии шабакаҳо, коҳиш додани талафоти неруи барқ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти сӯзишворӣ ва такмили низоми идоракунии захираҳои об равона карда мешавад.
Telegram | Facebook | Instagram | Threads | X | linkedin |Website

















