ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 34-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ

16-уми ноябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорат, кормандон ва Матлубхон Давлатов, ходими намоёни давлатӣ, иштирок доштанд.

Нахуст, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихӣ табрик намуда, оид ба аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва нақши он дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа андешаронӣ намуд.

Таъкид шуд, ки интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иҷлосия марҳалаи нави давлатсозиро оғоз бахшида, бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа заминаи устувор гузошта шуд.

Дар идома, вазир доир ба мақому манзалати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, зикр кард, ки ин сана рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, Конститутсия, арзишҳои давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории муосири тоҷикон мебошад.

Иброз гашт, ки 16-уми ноябр барои кормандони соҳаи энергетика низ аҳамияти хос дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2018, агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд.

Сипас, Асрор Ашурзода, сармутахассиси раёсати электроэнергетикаи Вазорат, вобаста ба аҳамияти ниҳоди президентӣ ва нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ баромад намуд.

Ҳамчунин, Матлубхон Давлатов доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат сухан ронд.

Дар интиҳои чорабинӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи энергетика ва хизматҳои шоиста Матлубхон Давлатов бо медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика» сарфароз гардонида шуд.