ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ШАРИКӢ БАРОИ ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ УСТУВОРИ КӮДАКИСТОНИ №133

19-уми ноябри соли 2026, шаҳри Душанбе. – Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бойчечак» созишномаи иловагӣ ба Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Таҷдид (азнавсозӣ) ва идоранамоии Кӯдакистони №133 дар шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд.

Созишномаи иловагиро вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва директори ҶДММ «Бойчечак» Матлуба Пӯлотова имзо намуданд.

Қобили зикр аст, ки созишномаи асосии шарикии давлат ва бахши хусусӣ соли 2016 ба имзо расида, муҳлати амали он 10 солро дар бар мегирифт. Тибқи созишномаи иловагӣ, муҳлати амали созишнома ба муддати 9 солу 9 моҳ тамдид карда шуд.

Тамдиди муҳлати созишномаи мазкур ба идомаи ҳамкории мутақобилан судманди давлат ва бахши хусусӣ дар самти нигоҳдорӣ, идоракунӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами муассисаи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.

Айни замон, дар муассиса наздики 220 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Зимни суҳбат вазир аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ тавсияҳои мушаххас доданд.